Пулиси Маскав

Маскавиҳо аз ҷанҷоли тоҷикону арманиҳо ҳаросиданд

240
(Таҷдидшуда 12:17 21.10.2017)
Бо гумони даст доштан дар ин қазия панҷ тан боздошт шудаанд,ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва ду нафари дигар шаҳрванди Арманистон мебошанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тавре хабаргузории "Телеканал 360" гузориш медиҳанд, дар Маскав байни коргарон- шаҳрвандони Тоҷикистон ва Арманистон муноқиша ба миён омадааст.

Чуноне ки гуфта мешавад, қазия шоми 19-уми октябр рух додааст. Кормандони пулис муайян кардаанд, ки дар он 20 шаҳрванди Тоҷикистон ва Арманистон ширкат кардаанд.

Маълум гардид, ки ширкаткунандагони моҷаро-коргарони сохтусози роҳ будаанд. Пулис барои муайян намудани ҳодиса 5 гумонбар-ду шаҳрванди Тоҷикистон, ду шаҳрванди Арманистон ва як шаҳванди Гурҷистонро боздошт кардаст. Дар натиҷаи ин задухӯрд як нафар ҷароҳат бардошта, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, охирҳои моҳи сентябр пас аз лату кӯби як муҳоҷири тоҷик дар бозори "Москва" аз ҷониби посбонҳои маркази савдо шаҳрвандони Тоҷикистон назди бозор тазоҳурот ба амал оварданд. Гуфта мешуд, ки дар он зиёда аз 150 шаҳрванди кишвар ширкат дошт. Пулиси Маскав пас аз ин ҳодиса зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.

240
Барчаспҳо:
моҷаро, арманиҳо, пулис, тоҷикон, Русия
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

459
(Таҷдидшуда 19:52 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

459
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине

Изҳори тасаллияти Раҳмон ба Си Ҷинпин ва Синдзё Абэ дар робита ба обхезиҳои ахир

75
(Таҷдидшуда 19:44 07.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ва сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тасаллиятро дар робита ба обхезиҳои ахир дар Чин фиристодааст.

Дар номаи раисиҷумҳур аз ҷумла омадааст: “Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ низ изҳори тасаллият кардааст.

"Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард",-омадааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

75
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

0
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

0
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон