Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасан Руҳонӣ: Тоҷикистон бо Эрон ҳамдард аст

148
(Таҷдидшуда 18:36 13.11.2017)
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ ҳамдардии давлату миллати Тоҷикистонро бо миллату давлати Эрон эълом кард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ барқияи таслият ирсол кард.

Дар паёме, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон таслияти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».

Бар асари заминларзае ба шиддати 7,3 дараҷа, ки 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ рух дод, бино бар охирин омор, беш аз 350 кас кушта ва беш аз 3 ҳазор кас захмӣ шуданд.

148
Барчаспҳо:
заминларза, ҳамдардӣ, Ҳасан Руҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Эрон
Мавзуъ
Заминларзаи Афғонистон Душанберо такон дод
КҲФ: аз заминларзаи рӯзи 29 сентябр касе осеб надидааст
Дар Тоҷикистон заминларза рух дод
Заминларза дар Ишкошим Афғонистон ва Покистонро низ ларзонд