Вид с 89-го этажа Башни Федерация-Восток делового комплекса Москва-Сити, архивное фото

Занозанӣ ва тирпарронӣ дар Маскав: шаш тан осеб диданд

181
(Таҷдидшуда 11:57 18.11.2017)
Манбаъ қайд мекунад, ки рухдод аз ҷанҷол дар ресторани Crystal Ballroom дар маҷмааи "Москва-сити" сар шудааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Як манбаъ аз мақомот хабар дод, ки шаби гузашта дар натиҷаи занозанӣ ва тирпарронӣ дар назди маҷмааи "Москва-сити"  осеб диданд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса се худрав ба пайгард эълон шудааст. Кормандони пулиси Маскав гумонбарони ҳодисаро ҷустуҷӯ доранд.

Қайд мешавад, онҳо бо худрави тамғаи Maybach аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Расман таъйид шуд, ки дар ин ҳодиса шаш тан осеб диаанд. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ кор мекунад.

"Гумонбарони ҳодиса, ки бо худравҳои Maybach, Toyota Land Cruiser и Lexus паноҳ бурданд, ҷустуҷӯ мешаванд",- қайд мекунад манбаъ.

Ӯ афзудааст, ҷанҷол дар ресторани Crystal Ballroom дар маҷмааи "Москва-сити" сар шудааст. Дар пайи рухдод  тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, кохирҳои моҳи сентябр нигаҳбонони фурӯшгоҳи "Москва" чанд муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карда буданд. Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки яке аз латукӯбшудагон кушта шуда, ки хашми мардумро бар ангехт ва камобеш 250 кас аз муҳоҷироне, ки дар он фурӯшгоҳ кор мекарданд, шабона даст ба тазоҳурот заданд. Пулиси Русия 90 кас аз онҳоро боздошт кард.

21 сентябр тоҷикон боз дар назди он фурӯшгоҳ ҷамъ шуданд, то эътирози худро баён кунанд. Аммо мақомот ин гирдиҳамоиро ғайриқонунӣ хонданд ва аз муҳоҷирон хостанд пароканда шаванд.

 



181
Барчаспҳо:
занозанӣ, тирпарронӣ, гумонбар, Москва, Русия
Сейсмография, архивное фото

Тоҷикистонро заминларзаи 5 - баллӣ такон дод

512
(Таҷдидшуда 14:35 05.08.2020)
Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл буд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Имрӯз соати 13:18 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон зилзила ба амал омад.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила  дар 245 км шимолу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  — 12 км шарқи Исфара воқеъ будааст.

Сокинони Тоҷикистон: замин сахт ҷунбид, ҳамсояҳо аз тарс ба берун баромаданд

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил дод.

Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод

Манбаъ афзуда, ки дар бораи хисороти зилзила иттилоъ дода нашудааст.

512
Барчаспҳо:
зилзила, Тоҷикистон, заминҷунбӣ
Учения служб чрезвычайных ситуаций, архивное фото

Марг баъди наҷот: писараки 17-соларо аз об гирифтанд, вале дар роҳ ба бемористон ҷон дод

132
(Таҷдидшуда 14:11 05.08.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон менависад, ба ин наврас кормандони ниҳод кӯмаки аввалия расонида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале писарак дар роҳ ба бемористон ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 август, тахминан соатҳои 12:00 рух дод.

Гуфта мешавад, писараки ғарқшуда, 17-сола, сокини  кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.

"Гурӯҳи зудамали Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва якҷо бо сокинони маҳаллӣ ҷавонро аз об берун оварданд. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳама кумаккҳои аввалияи тиббӣ барояш расонда шуд", - менависад манбаъ.

Пайдо шудани ҷасади зани номаълум аз соҳили дарёи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аммо мутаассифона, дар роҳи интиқол ба бемористон наврас ҷони худро аз даст дод, афзудааст КҲФ ва аз волидон хоҳиш кардааст, ки фарзанонашонро беназорат нагузоранд ва ба шаҳрвандон таъкид кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

132
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0