Работа полиции, архивное фото

"Пулисҳо" як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Петербург дуздиданд

58
(Таҷдидшуда 13:32 20.11.2017)
Як шаҳрванди Тоҷикистон ба пулиси шаҳри Санкт-Петербург шикоят бурда, ки табаҳкороне бародарашро рабудаанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург чанд ношиносе худро кормандони пулис вонамуд карда як шаҳрванди Тоҷикистонро дар худравашон савор кардаву рабудаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Фонтанка", як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон 18 ноябр ба пулиси шаҳри Санкт-Петербург хабар додааст, ки афроди номаълуме худро корманди пулис муаррифӣ карда, бародари 41-солаи ӯро рабудаанд.

Ин шаҳрванд гуфта, ки одамрубоён пеш аз он ки бародарашро ба худрави "Дэу Нексия" савор кунанд, гувоҳиномаи хидматӣ ба ӯ нишон додаанд. Пулиси Петербург маълум карда, ки он худрав аз они як шаҳрванди 28-солаи ҳамин шаҳр буда, вале гуфта, ки ӯ корманди пулис нест.

Пулис ин шаҳрванди рабудашудаи Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад.

58
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, одамрубоӣ, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург барои дуздӣ дастгир шудаанд
Дар Тоҷикистон даст ба дуздӣ задани якчанд наврас ошкор шуд