Корманди милиса дар назди метро, акс аз бойгонӣ

Боз як инфиҷори дигар дар Санкт-Петербург

171
(Таҷдидшуда 10:29 28.12.2017)
Дар натиҷаи таркиш 9 тан ҷароҳат бардошта, 4 нафари онҳо фавран ба бемористон интиқол дода шуданд. Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар мағозаи хӯрокаи "Перекресток" инфиҷор рух дод, хабар медиҳад РИА Новости.

"Тибқи маълумоти пешакӣ инфиҷор дар мағозаи хӯроквории "Перекресток" дар Хиёбони  Кондратевский, хонаи 44 рух додааст. Дигар ҳолатҳои таркиш ҳоло маълум нест",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷаи инфиҷор 9 тан ҷароҳат бардошта, 4 нафари онҳо ба бемористон тариқи ёрии таъҷили фавран  интиқол дода шуданд.

Ҳангоми инфиҷор дар мағоза наздики 50 тан гаштугузор мекарданд. Ҳамаи онҳо дарҳол аз ҷойи ҳодиса берун карда шуданд. Бино хароб нашудааст ва ҳолатҳои сӯхтор ҳам ба қайд гирифта нашудааст.

Кормандони Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи  суийасд ба кушторро боз карданд.

171
Барчаспҳо:
инфиҷор, Санкт-Петербург, Русия