Мусофиркушӣ дар Маскав: боз як автобус мардумро пахш кард

© Twitter / @RepvbblicaФото очевидца с места ДТП с автобусом
Фото очевидца с места ДТП с автобусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Маскав боз як автобус аз роҳ бероҳ шуда мусофиронеро, ки дар истгоҳ мунтазир буданд, пахш кард

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бино бар охирин додаҳо, дар ин пешомад 2 кас кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар истгоҳе рух дода, ки наздик ба истгоҳи метрои "Сходненская" дар шимолу ғарби шаҳри Маскав ҷойгир аст.

"Дар паи бархӯрди автобус бо истгоҳ ду кас ҷонашонро аз даст доданд", — гуфта яке аз шоҳидон ба хабаргузории РИА Новости.

Ҷузъиёти ин қазияро пулис бозҷӯӣ дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанд рӯз пеш аз ин ҳам автобусе мусофиронро дар назди истгоҳи метрои "Славянский булвар" пахш кард. Чаҳор кас кушта ва 15 кас захмӣ шуда буданд. 

Лентаи хабарҳо
0