корд, акс аз бойгонӣ

Ду рӯз пеш аз Соли нав: дар Шаҳринав зане пас аз ҷанҷол ба ҳамсараш корд зад

175
(Таҷдидшуда 12:27 01.01.2018)
Гумонбари ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида,оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 01 янв — Sputnik. Вазорати умури дохила хабар додаст, ки дар ноҳияи Шаҳринав зане ҳамсарашро корд задааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав, зани 40 солаи мувақатан истиқоматкунандаи ҷамоати Сарикиштии деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Гуфта мешавад, номбурда шаби 29-уми декабри соли 2017 тахминан соати 00.10-дақиқа дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо собиқ шавҳараш, марди 35 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав ҷангу ҷанҷол намуда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст.

"Дар натиҷа собиқ шавҳараш марди 35 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст"- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гумонбари ҷиноят аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида,оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

175
Барчаспҳо:
муноқиша, ҳамсар, зан, Шаҳринав, Тоҷикистон