ДОИШ масъулияти ҳамла дар Нангарҳорро бар уҳда гирифт

34
(Таҷдидшуда 19:16 24.01.2018)
Имрӯз бомдод чанд ҷангҷӯ ба дафтари Бунёди наҷоти кӯдакон дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, ҳамла карда буданд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамла ба дафтари созмони байналмилалии хайрияи “Бунёди наҷоти кӯдакон” дар шаҳри Ҷалолободро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши Sputnik Афғонистон, имрӯз бомдод чанд ҷангҷӯ ба дафтари Бунёди наҷоти кӯдакон дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, ҳамла карда ва чанд бумбро мунфарҷир карда буданд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилояти Нангарҳор, гуфт, соати 09:10 ба вақти Кобул, як омили интиҳорӣ худрави бумбгузоришударо рӯбарӯи дарвозаи дафтари Бунёди наҷоти кӯдакон мунфаҷир кард. Аз ин ҳамла ва сипас даргирии муҳоҷимон бо нерӯҳои амниятӣ 8 кас куштаву 20 захмӣ шуд.

Сухангӯи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муоҳид, даст доштани ин гурӯҳ дар ин ҳамларо рад кард.

34
Барчаспҳо:
Толибон, ДОИШ, Бунёди наҷоти кӯдакон, Ҷалолобод, Нангарҳор, Афғонистон
Мавзуъ
Инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон

8
(Таҷдидшуда 15:54 27.09.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулини пойтахт дастур додааст, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии ҷидди бигиранд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳр, зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Рустами эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт, дастур додааст, ки дар ҳама соҳаҳо омодагии ҷидди гирифта, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Рустами Эмомалӣ барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ба масъули пойтахт супоришҳо додааст.

Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ,  тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

8
Барчаспҳо:
дастур, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Партия наркотиков

Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 10% коҳиш ёфтааст

40
(Таҷдидшуда 13:01 27.09.2020)
Қисми зиёди маводи мухаддире, ки мехоҳанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон мусодира карда мешаванд, қайд кард Агентии назорати маводи мухаддир.

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар ду соли охир ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар масири шимол коҳиш ёфт, хабар медиҳад Агентии назорати маводи мухаддири ҷумҳурӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз соли 2017 то 2019 ҳаҷми интиқол аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.

"Интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо роҳи ба истилоҳ Масири Шимолӣ аз соли 2017 инҷониб аз 15 то 10% коҳиш ёфтааст.  Ин ба шарофати афзоиши назарраси назорат, аз сарҳад ва то ба тамоми минтақаҳои кишвар, имконпазир гардид ", - гуфта мешавад, дар гузориши оҷонсӣ "Дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020".

Гуфта мешавад, ки аксари маводи мухаддире, ки онҳо мехостанд ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд, дар марз ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира карда мешаванд.

Ҳамин тавр, соли 2019 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,6 ҳазор килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 48% аз он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст.

Мақомот дигар мухаддирот намехаранд: Салимзода гуфт, чаро гардиши нашъа 2 тон кам шуд

Ин ниҳод қаблан гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон давоми солҳои 2017-2020 35 гурӯҳи муташаккили ҷиноии трансмиллиро ошкор ва нест карда, инчунин 84 роҳбар ва аъзои фаъолро боздошт карданд.

40
Барчаспҳо:
Агентии назорати маводи нашъаовар, Афғонистон, Тоҷикистон