Пизишк, акс аз бойгонӣ

Донишомӯзе дар мактаб ҳафт нафарро парронд

161
(Таҷдидшуда 13:12 22.03.2018)
Дар натиҷаи ҳолати фавқулодда, 7 нафар бо кабудӣ ва захмҳои бадан маҷрӯҳ шудаанд, ва маълум гардид, ки духтарак силоҳи падарашро аз хонаашон оварда будааст

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар вилояти Кургани ФР толибае ҳамсинфонашро аз силоҳи пневматикӣ паррондааст.

Духтараки 13-сола силоҳи оташфишонро аз хонаашон овардаасту, он азони падараш будааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ ҳафт кӯдак ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, вале ба онҳо будубош дар бемористон лозим нашудааст. Дар бадани талабагони ҷароҳатдидаи синфи ҳафт — кабудӣ ва захмҳои дигар ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Чӣ духтарро ба ин амал такон додааст, ҳанӯз маълум нест. Вай дар шӯъбаи кор бо ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст. Мактаб кори муназзами худро идома медиҳад. Муфаттишон дар макони ҳодиса кор мекунанд.

 "Ин як ҳолати фавқулодда аст"

Аллакай гурӯҳи корӣ ҳамроҳ бо омбудсмени кӯдакон ба мактаб рафтааст. Онро ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон Алена Лопатина, ки аз ҷониби губернатор таъйин гардидааст, сарварӣ мекунад. Дар ҳайати гурӯҳ инчунин намояндагони Раёсати минтақавии маориф ва илм низ ҳастанд.

Алена Лопатина шарҳ дод, ки бояд ин ҳолатро баррасӣ кард, ки чӣ сабаби ин гуна рафтори толиба шудааст, барои чӣ калонсолон ба рух додани ин ҳодиса роҳ додаанд. Дар навбати худ, раиси шаҳр Людмила Новикова бо муовинони худ пас аз ҳодисаи рухдода дар мактаб, маҷлиси фаврӣ даъват намуданд.

Илова бар ин, қарибан ба ҷойи ҳодиса намояндаи ваколатдори назди раисиҷумҳур оид ба ҳуқуқи кӯдак Анна Кузнетсова, парвоз хоҳад кард.

Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, пеш аз ҳама зарур аст, ки "сабабҳои рафтори духтаракро таҳқиқ намуд, ки чӣ ӯро ба ин гуна рафтор ангезиш додааст".

"Пас аз ин, саволҳои дигар пеш меоянд, ки чаро силоҳи пневматикӣ дар маконе будааст, ки дастраси кӯдак шудааст, чӣ гуна духтарак таппончаро ба мактаб овардааст, чаро коллективи педагогӣ ба ин диққати ҷиддӣ надодаанду, чораҳои пешгирикунанда надидаанд, агар ногаҳон замина барои ин пайдо шуда, мухолифат сар зада бошад", — таъкид кард хонум Кузнетсова.

161
Барчаспҳо:
тирпарронӣ, силоҳ, донишомӯз, Русия
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

207
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

207
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

54
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

54
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

99
(Таҷдидшуда 20:16 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

99
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон