Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: як қочоқбар кушта шуд

116
(Таҷдидшуда 14:35 24.03.2018)
Аз ҷинояткорон 32 килограм афюн ва зиёда аз 1 килограм бангдона мусодира карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як қочоқбари мусаллаҳ кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардошт. Бино бар иттилои сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхӯҷаев ҳамчунин зиёда аз 31 килограмм афюн мусодира шудааст.

"Ҳодиса рӯзи гузашта рӯзона дар ҳудуди қисми сарҳадии "Ҳамадонӣ" рух дод. Чор қочоқбари афғон мехостанд ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шуда, маводи мухаддир интиқол диҳанд", — афзудааст вай.

Ба гуфтаи ӯ, қонуншиканон дар посух ба огоҳии сарҳадбонон ба тирпарронӣ сар карданд. Дар натиҷа як қочоқбар кушта, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Ду гумонбари дигар дар сарҳад паноҳ бурдаанд.

Дар рафти тафтишоти ҷойи ҳодиса 32 килограмм афюн ва зиёда аз 1 килограмм бангдона  ёфт шуд.

"Худи ҳамон рӯз дар гузаргоҳи "Панҷи поён" дар рафти тафтиши автомашинаи "Дулан" таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонон ва кормандони хадамоти гумрук аз пинҳонгоҳи мошин ду килограмм ҳероин ёфт ва мусодира шуд",- афзудааст Улуғхоҷаев.

Бо ин далелҳо тафтишот идома дорад.

116
Барчаспҳо:
боздошти қочоқбари афғон, сарҳад, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Афғонистон, Тоҷикистон