Чархболи Ка-29, акс аз бойгонӣ

Суқути чархбол ва ҳалокати сарнишинон дар Балтика

28
(Таҷдидшуда 13:05 13.04.2018)
Дар ҷои суқути чархболи Ка-29 қувваҳои обии Балтика амалиёти ҷустуҷӯӣ мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 13 апр— Sputnik. Чархболи Ка-29, зимни амалиёти омӯзишии шабона ҳангоми парвоз дар ҳудуди баҳри Балтика суқут кардааст.

Дар паи ин садама ду сарнишини чархбол ҷон бохтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии флоти Балтика.

"Рӯзи 12 апрели соли 2018 соати 1:30 (ба вақти Душанбе) зимни парвози озмоишӣ чархболи Ка-29 дар ҳудуди баҳри Балтика суқут кард. Сарнишинони чархбол дар натиҷаи садама ҳалок шуданд", — омадаааст дар хабарнома.

Ба гузориши манбаъ, қувваҳои обии Балтика дар ҷои ҳодиса амалиёти ҷустуҷӯиро идома медиҳанд. Парвоз дар шароити муътадили ҳаво анҷом дода шудааст.

Рӯзи чоршанбе хабар дода шуд, ки дар Хабаровск чархболи Ми-8 суқут кард.

Дар дохили чархбол шаш сарнишин қарор доштаааст, ки ҳамаашон дар паи ин фоҷиа ҷон бохтанд.

Ҳукумати Хабаровск рӯзи 12 апрелро рӯзи мотам эълом карда буд.

28
Барчаспҳо:
ҳалокати халабонҳо, суқути чархбол, Балтика