Худрави ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ

Кордкашии муҳоҷирон дар чойхонаи Новосибиркс

119
Як муҳоҷир дар дохили чойхона бо зарби корд дигареро аз пояш захмӣ кардасту бо ҳамин задухӯрд миёни муҳоҷирон авҷ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Муҳоҷире дар чойхонае дар Новосибирск ба шаҳрванди дигари хориҷӣ ҳамла кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД Новосибирск.

Ин ҳодиса рӯзи 15 апрел дар чойхонае ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти пулисро хабар кардаанд, ки дар чойхонаи воқеъ дар кӯчаи Малигина задухӯрд ба амал омадааст.

Як муҳоҷир дар дохили қаҳвахона бо зарби корд дигареро аз пояш захмӣ кардасту бо ҳамин задухӯрд миёни муҳоҷирон авҷ гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ҳарду ҳам маст будаанд.

Дар паи ин муноқиша марди захмдор муҳоҷири 30-сола кушта шудааст.

Кормандони пулис марди 23-соларо ҳамчун гумонбар дар қатли муҳоҷир, боздошт кардааст.

Муайян шудааст, ки ин ду ҷавон зодагони кишварҳои Ховари Миёна ҳастанд.

Аз рӯи ин қазия мувофиқи моддаи 4-уми Кодекси ҷиноии Русия (Қасдан расонидани ҷароҳати вазнин) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

119
Барчаспҳо:
задухурди муҳоҷирон, Новосибирск, Русия