"Куштор"-и рӯзноманигор Бабченко саҳна будааст

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкРоссийский журналист А.Бабченко депортирован из Турции
Российский журналист А.Бабченко депортирован из Турции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси хадамоти амнияти Украина Василий Грисак гуфт, ки мақомот пешакӣ дар бораи куштори журналист хабар ёфт ва онро пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Журналист Аркадий Бабченко зинда будааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Маълум шуда, ки мақомоти Украина пешакӣ дар бораи куштори журналист хабар ёфта ва онро пешгирӣ кардаанд. Бу гуфти Василий Грисак ташкилотчии кушторро "се соат пеш" дар Киев боздошт карданд.

"Дар ҳоли ҳозир манзили шахси боздоштшуда тафтиш мешавад ва корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад",-илова кард Грисак.

Ҳамчунин ӯ бори дигар Русияро дар "куштор"-и Бабченко айбдор кард.

Пас аз ин рӯзноманигор зинда ба пеши ҳамкасбонаш баромад.

"Ман ҳоло зиндаам", —гуфт рӯзноманигор.

Бобченко гуфт, ки ду моҳ пеш ӯро аз фармоиши куштораш хабар карда будаанду пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд. Ба гуфти ӯ ин амалиёт як моҳ омода шуда будааст.

Пештар полиси Украина хабар дод, ки шоми 29-уми май Аркадий Бабченко дар Киев кушта шуд.

Лентаи хабарҳо
0