Мотосиклсавори рус дар Конибодом мактабхонеро пахш кард

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСкорая медицинская помощь, архивное фото
Скорая медицинская помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мотосиклсавори тамғаи "БМВ", шаҳрванди Русия Иван Виниченко, ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, хонандаҳои синфи 5-умро пахш намудааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Як шаҳрванди Русия дар Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳ навраси тоҷикро пахш кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, Иван Виниченко, шаҳрванди Русия, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Конибодом-Деҳмой"  бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавонистааст.

"Иван Виниченко дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом, пиёдагарди ноболиғ, Содиқов Эҳсонҷон- хонандаи синфи 5, сокини ноҳияи Бобоҷонр Ғафуровро пахш намудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0