Роҳ, акс аз бойгонӣ

Тасодум дар назди бозори "Саховат": ронандаи “Мерседес Бенс" ду пиёдагардро пахш кард

218
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ронанда аз ӯҳдаи идораи худрав набаромад. Дар натиҷа як тан ҳалок ва як нафар ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ронанди "Мерседес Бенс" дар назди бозори "Саховат" ду пиёдагардро пахш кард, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 29-уми июн, тахминан соати 21:15 дақиқа, дар рӯ ба рӯи бозори Саховат рух дод.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", аломати қайди давлатиаш 3280ВК03, Раҷабов Баҳриддин Муродалиевич соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати деҳоти Гулчашма ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қарабоев, аз тарафи кӯчаи 50 солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба тасодум дучор шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Саидбекович соли таваллудаш 1964 истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ-ро пахш кард.

Дар натиҷа бо бардошти ҷароҳатҳои вазнин пиёдагард Ҳабиб Давлатхоҷаеви 37 сола ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар Сафарбек Қодирови 54 сола бо бардошти ҷароҳатҳои вазнин дар Беморхонаи Истиқлол бистарӣ шудааст.

Тафтишот идома дорад.

218
Барчаспҳо:
садама, ронанда, Душанбе, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

13
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад, ки ду ноболиғи 12 - сола бидуни калонсолон дар ҳавз оббозӣ намуда ғарқ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik.  Ду нафар сокини 12 - солаи ноҳияи Ванҷ бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз оббозӣ карданд, ки дар натиҷа ҳар ду зери об рафтанд.

Бар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи, ҳодисаи мазкур рӯзи 14 - уми июл дар ҳавзи деҳаи Пайшанбеобод рух дод.

Ба кумаки ду ноболиғ чанд сокини ноҳия шитофта онҳоро аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд.

КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Манбаъ меафзояд, яке аз ноболиғон дар роҳ ба бемористон фавтид ва кудаки дигар ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикитсон 34 нафар ҳангоми оббозӣ дар нукоти мухталифи кишвар ғарқи об шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол дошанд.

13
Барчаспҳо:
ғарқ, ноболиғ, оббозӣ, Ванҷ
Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких

Кумаки навбатии Қазоқистон ба Тоҷикистон: дастгоҳҳои нафасдиҳӣ медиҳад

34
Дастгоҳҳои нафсдиҳии сунъӣ, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон медиҳад, дар вилояти Акмола истеҳсол карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад, гуфт муовини вазири тандурустӣ Людмила Бюрабекова дар як брифинги онлайнӣ

Номбурда гуфт, ки таҷҳизоти нафасдиҳӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона то охири сол интиқол дода мешавад.

"Ҳама кишварҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд ва кишвари мо низ ба дигарон кӯмаки башардӯстона мерасонанд. Ҳукумати Қазоқистон дар назар дорад, ки то охири сол кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистонро дар шакли дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ фароҳам орад", гуфт Бюрабекова.

Муовини вазири Қазоқистон гуфт, ки дастгоҳҳо барои интиқоли беморон дар мошини ёрии таъҷилӣ метавон истифода бурд. Таҷҳизот дар вилояти Акмолаи кишвар истеҳсол карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон набуда, моҳҳои апрел ва май маводи озуқа аз қабили орд ёрӣ дод.

34