Илоҷ надошт: капитани муттаҳам дар марги Фирдавси 15 – сола аз ҷавобгарӣ озод шуд

© wikimedia.org/IbrahimjonПри въезде в Куляб, архивное фото
При въезде в Куляб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии минтақаи Кӯлоб, капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши БДА, ки моҳи феврали соли равон навраси 15-соларо зер карда буд, бегуноҳ эълон намуд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Раҳмоналӣ Имомзода, додситонии Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ бо такя ба хулосаҳои ду ташхис изҳор дошт, ки Исломов имкони пешгирӣ аз садамаро надошт. Ба гуфтаи додситон ташхиси сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ техникаро гунаҳкор баровард ва парванда алайҳи капитан Исломов қатъ гардид.

Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷони ду ҷавонро гирифту сеюмиро бистарӣ кард

“Равшании мошинҳои самти муқобил чашмонашро задааст ва имконияти пешгирии садамаро надошт. Ташхисҳо нишон доданд, ки бо сабаби техника шудааст”, — изҳор доштааст додситони Кӯлоб.

Таъкиди мақомот ба бегуноҳии Исломов дар ҳолест, ки ӯро аз кор озод кардаанд ва феълан бекор мебошад.

Фирдавс Ҳалимови 15 – сола 13 феврали соли равон дар шаҳри Кӯлоб зери чархи мошини капитан Исломов монда, дар беморхона ҷон дода буд.

Лентаи хабарҳо
0