Куштори Вайдоро назорати қатъӣ кунед: барқияи Раҳимзода ба роҳбарияти ВУД Русия

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Чорабиниҳои якҷояи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ВУД Русия идома дорад", - менависад ниҳод

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  ба роҳбарияти Вазорати умури дохилаи Русия ҷиҳати
аҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ барқия ирсол кардааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар пайи куштори ваҳшиёнаи духтараки панҷсолаи тоҷик дар Русия, генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода ба роҳбарияти Вазорати умури дохилаи Русия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино бар иттилои ниҳод,  Сарраёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур  мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Чорабиниҳои якҷояи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ВУД Русия идома дорад", — менависад ниҳод.

Пештар хабар дода шуд, ки шаби 24 июл ҷасади Вайдо ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Дар назар аст, ҷанозаи кӯдакро имрӯз, 25 июл дар Кӯлоб ба хок супоранд.

Лентаи хабарҳо
0