Ду кушта дар задухӯрди мақомот бо омилони марги сайёҳон дар Данғара

© Sputnik / © Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соҳиби мошинеро, ки 7 сайёҳро дар роҳи Данғара зер кард, муайян намудааст

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду нафаре, ки дар марги сайёҳони хориҷӣ дар роҳи Данғара даст доштанд, нобуд карда шуданд.

Тибқи иттилои ВУД дар мавзеи деҳаи Торбулоқи Данғара, шахсоне, ки дар ҷиноят даст доштаанд, муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

"Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Чанд лаҳза пеш Вазорати умури дохилӣ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нақлиёте, ки сайёҳонро зер кардааст дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Президент барои боздошти ҷинояткоре, ки 4 сайёҳро кушту 3 нафарро маҷруҳ кард

Ба иттилои манбаъ ин мошини тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03 мебошад, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад.

"Осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад", — изҳор доштааст ВУД. 

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буданд, ки барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3 ҳамроҳи ӯ ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ андешида шуда истодаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ба иттилои тафтишот фоҷиаи маргбор баъди зуҳри 29 июл дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дода, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, се нафарашон маҷруҳ гардиданд. Гуфта мешавад, ки баъди зер кардани сайёҳон афроди дохили мошин бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд. Ҳалокшудагон шаҳрвандони ИМА ва Ҳоланд будаанд. ВУД мегӯяд, фарзияи аввал садамаи нақлиётӣ мебошад ва ҳолатҳои дигарро низ таҳқиқ хоҳанд кард.

 

Лентаи хабарҳо
0