Амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, акс аз бойгонӣ

Фирори Рӯзибек Ғаффуров аз зиндони Русия

271
(Таҷдидшуда 14:30 31.07.2018)
Идораи зиндонҳои вилояти Свердлови Русия аз фирори Ғаффуров Рӯзибек Авазбекович аз муассисаи ислоҳии № 59 дар дар Каменск-Уралск хабар додааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Александр Левченко, сухангӯи идораи зиндонҳои Свердлов мегӯяд, фирори Ғаффуров шоми 30 июл ҳангоми санҷиши ҳузури маҳбусон ошкор шуд.

Ба иттилои манбаъ Ғаффуров 38 сол дошта, зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои дуздӣ ба 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Беглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске
Пресс-служба ГУФСИН по Свердловской области
Беглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске

"Феълан кофтукоб идома дорад. Постгоҳҳои иловагӣ ташкил шудаанд", — изҳор доштааст Левченко ба "Уралинформбюро".

Идораи зиндонҳои Русия аз афроде, ки метавонанд дар пайдо намудани Ғаффуров кӯмак кунанд, даъват намудааст, ки бо рақамҳои (343) 359-5611, 359-5744 дар тамос шаванд. 

271
Барчаспҳо:
кофтукоб, фирори маҳбус, Тоҷикистон