Мошини пулиси Узбекистон, акс аз бойгонӣ

Қатли Дилшод Акрамов, сардори нави Сарраёсати ВКД дар ҷои кор

2371
(Таҷдидшуда 21:30 05.08.2018)
Ҷасади Дилшод Акрамов, сардори Сарраёсати дидбонию пайраҳадории Вазорати умури дохилии Узбакистон бо захми корд дар ҷои кораш пайдо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Тавре расонаи интернетии nuz.uz хабар медиҳад, ҷасади Акрамов дар яке аз утоқҳои  бинои Сарраёсат пайдо карда шуд. 

Манобеи Sputnik  дар мақомоти умури дохилии Тошканд иттилоъ доданд, ки ба эҳтимоли зиёд Акрамов аз сӯи нафари шинос кушта шудааст.

"Парванда аз рӯи ин ҳодиса феълан дар тафтиши додситонии кулли Узбакистон қарор дорад", — изҳор дошт манбаъ.

Дилшод Акрамов аввали моҳи июл ба мақоми сардори Сарраёсати дидбонӣ, пайраҳадорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВУД таъин шуда буд. Марҳум қабл аз ин роҳбарии Раёсати пешгирии қоидавайронкунӣ дар Сарраёсати пулиси Тошкандро ба уҳда доштааст.

2371
Барчаспҳо:
сардори пулис, қатл, ҷиноят, Узбакистон-Осиёи Марказӣ