Муноқишаи мард бо зан

Дар дил алам доштам: ҷузъиёти куштори мудҳиши Гулмира аз дасти шавҳараш Қаҳрамон (НАВОР)

747
(Таҷдидшуда 13:57 10.08.2018)
Ҳамсари собиқ ба зан ваъда додааст, ки ӯро дар рӯзи 1-уми апрел ба тамошои баҳорӣ мебарад. Мард ҳангоми овардани зан ба чарогоҳ ӯро сараввал аз баландӣ тела дода, сипас буғӣ кардааст. Вақте ки аз ӯ далели ин ҷинояташро парусиданд, Қаҳрамон гуфт, ки дар дил алам дошту бо ин роҳ аламашро баровард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як барномаи телевизионӣ аз куштори мудҳиши якҷавонзан аз дасти ҳамсари собиқ хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 1-уми апрел дар ноҳияи Спитамен рух дода, дар сари масъалаи хонаводагӣ шавҳари собиқ даст ба ҷони ҳамсараш задааст.

Гулзода Элмуродоваи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Тағояк ба фиреби шавҳари собиқаш Қаҳрамон Пирматови 31-сола бовар карда, бехабар мондааст, ки ахирон мақсади куштори ӯро дорад.

Тавре ВУД тавзеҳ медиҳад, рӯзи якуми апрел шавҳари собиқ Гулмираро ба тамомшои баҳорӣ даъват карда, ба ҷойи беодам мебарад.

Дар чарогоҳи ҳудуди деҳоти Истиқлоли ноҳия Қаҳрамон  ҳамсари собиқашро аз баландии 5-6 метр партофта, сипас бо истифода аз ресмон ӯро буғӣ мекунад. Дар натиҷа зан ба ҳалокат расидааст.

"Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки дар чарогоҳ байни Гулзода ва Қаҳрамон муноқиша сар задааст. Онҳо бо далели бори дувум оиладор шудани Қаҳрамон баҳс кардаанд", — тавзеҳ медиҳад дар навор корманди ВУД дар ноҳияи Спитамен.

Қаҳрамон баъди куштори Гулзода ҷасади ӯро гузошта, бо мошини зан, ки бо он ҳарду ба чарогоҳ омада буданд, ҷойи ҳодисаро тарк мекунад.

Шавҳари ҷинояткорро баъди 3 рӯзи ҳодиса дар шаҳри Исфара ҳангоми идораи мошини ҳамсари кушташудааш дастгир кардаанд. Ӯ мехостааст дар шаҳр худравро нобуд созад.

Дар гузориши ВУД дида мешавад, ки вақте аз мард дар бораи далели даст ба ин ҷинояти махсусан вазнин заданаш мепурсанд, вай мегӯяд бо ин роҳ аламашро баровард.

"Ӯ ба зиндагии ман халал мерасонд. Ман хонавайрон шудам. Аламам буд, аламам баромад", — мегӯяд Қаҳрамон.

Ба иттилои тафтишот нисбати ҷавон бо моддаи 104 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

747
Барчаспҳо:
зану шавҳар, куштор, Спитамен, Тоҷикистон