Дуздони касбӣ дар меҳмонӣ: силсиладуздиҳо дар Суғд милисаҳоро нигарон кард

CC0 / Pixabay / Взлом двери, архивное фото
Взлом двери, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Силсиладуздиҳои пайиҳам бо шеваи махсус дар шаҳри Конибодом давоми як моҳи охир мояи нигаронии милисаҳо шудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тавре Раёсати умури дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, тайи як моҳи охир беш аз 12 хона дар рӯзи равшан ҳадафи дуздон қарор гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ дуздон хонаҳоеро ҳадаф қарор медодаанд, ки дарвозаҳояшон қуфл будааст.

Шкатулука с драгоценостями, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти донишҷӯдухтарони Суғд ба иттиҳоми дуздӣ

Маъмурини милисаи Конибодом мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ муайян намудаанд, ки силсиладуздиҳо кори сокинони таҳҷоии Конибодом нест.

Ба иттилои раёсат муайян карда шуд, ки дар "меҳмонӣ"-и Конибодом дуздони касбӣ аз ноҳияи Спитамен қарор доранд.

"Фазлиддин Муҳиддинов, сокини 32-солаи деҳаи Саидқурғони ноҳияи Спитамен, ки солҳои 2010, 2013 ва 2014 барои дуздӣ суд шудааст, ҳамроҳи ҳамдеҳааш Убайдуллоев Аъзами 30-сола шаҳрҳои Исфара ва Конибодомро ҳамчун макони нави дуздиҳо интихоб кардаанд. Тайи як моҳ танҳо дар Конибодом 12 хонаро ҳадаф қарор дода, аз ҳар хона аз 300 то 119 ҳазор сомонӣ ғанимат бурдаанд", — гузориш дод ВУД,

Бар асоси гузориши ВУД, бо маблағу амволи дуздида, Муҳиддинов баробари айшу ишрат, дар зодгоҳаш ба сохтмони хонаи истиқоматӣ барои худ оғоз кардааст.

Феълан муттаҳамон дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0