Чархболи МИ-8 дар куҳсор, акс аз бойгонӣ

Эълони расмии ҳалокати 5 нафар ва сабаби суқути чархбол

812
(Таҷдидшуда 16:59 13.08.2018)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳалокати 5 нафар дар садамаи чархбол, аз ҷумла се куҳнавард ва ду халабон хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тибқи изҳороти Кумита куҳнавардони ҳалокшуда шаҳрвандони Русия ва халабонҳои марҳум шаҳрванди Тоҷикистон шудаанд. Дар маҷмуъ дар чархбол 18 нафар — се халабон ва 15 куҳнавард қарор доштаанд.

"Ба 12 куҳнавард, ки ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, кӯмаки тиббӣ расонда шуда, ба маҳалли бехавф интиқол дода шуданд", — омадааст дар иттилоияи  КҲФ.

Кумита бо такя ба иттилои аввалия сабаби сар задани садамаро шароити мураккаби боду ҳаво, аз ҷумла биниши кам ва боди шадид арзёбӣ кардааст. 

Барои таҳқиқи сабаби сар задани садама комиссияи махсус ташкил шудааст, ки феълан фаъолият дорад.

Манбаъ мегӯяд, миёни 15 куҳнавард, 13 шаҳрванди Русия, 1 шаҳрванди Белорусия ва як нафар аз Испания будааст.

Садама 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли куҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

812
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон (5)