Дарёи кӯҳӣ, акс аз бойгонӣ

Садама дар Иди Қурбон дар Рошқалъа: "Тангем" ба дарё сарозер шуду Гулҷони 51-сола ғарқ шуд

434
Гуфта мешавад, далели сар задани ҳодисаи нохуш - аз ӯҳдаи идораи худрав баромада натавонистани ронанда Сӯҳроб Хоркашев мебошад

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар рӯзи таҷлили иди Қурбон, 21 август дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар пайи сарозер шудани худрав ба дарё як марди 51-сола ғарқ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар деҳаи Трайд рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашаинаи "Чанху" ё "Тангем" Сӯҳроб Хоркашов ҳангоми ҳаракат ба самти марказии ноҳияи Роштқалъа аз ӯҳдаи идораи нақлиёт барамада натавониста, ба дарёи "Шоҳдара" сарозер шудааст.

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Хоркашов Гулҷон Сабдавлатович, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Трайд ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Аз рӯйи ҳодиса тафтишот идома дорад.

434
Барчаспҳо:
дарё, садама, ВМКБ, Тоҷикистон