Ҷанҷол дар беморхона: ҳамшираи шафқатро дар Душанбе бо қайчӣ задаанд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли оилавӣ хабар додааст, ки дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе рух додааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД ба идораи пулиси ноҳияи Сино ҷавонзани 21-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳамшираи шафқати яке аз беморхонаҳои пойтахт алайҳи шавҳараш шикоят кардааст.

Ҷавонзан арз доштааст, ки 23-юми сентябри соли 2018, тахминан соати 12:30,  шавҳараш марди 28-сола, сокини шаҳри Душанбе ба утоқи кориаш омада, дар пайи муноқиша бо қайчӣ 1 бор ба дасташ задааст.

“Дар  натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал Шариф Назарзода, сардори пулиси шаҳри Душанбе аз ҷанҷолҳои хонаводагӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бисёри ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор дар заминаи чунин ҷанҷолҳо рух медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0