Бинои Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қатли модар аз дасти писари маст дар Душанбе

1070
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 35-солаи шаҳри Душанберо дар қатли модараш гунаҳкор кардааст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, марди 35-сола, сокини кӯчаи Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми модаркушӣ  дастгир карда шуд.

“Номбурда, санаи 29-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ҳангоми мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо модараш, зани 62-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба гардани модараш задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Далели шайъӣ 1адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, - таъкид намуд ВУД.

1070
Барчаспҳо:
модар, корд, Тоҷикистон