Нож у горла женщины, фото из архива

Хилвати шаб: пирамарди 74-солаи ванҷӣ ба куштори зане дар Душанбе муттаҳам мешавад

808
Писари марҳум ба Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки шабона шахси номаълуме ба манзили истиқоматиашон ворид шуда, модарашро корд задааст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки кормандони ниҳод як марди 74-солаи сокини ноҳияи Ванҷро ба иттиҳоми даст доштан дар куштори зани 61-сола дар Душанбе дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, пирамард нимашаб ба манзили зан дар Душанбе ворид шуда, ӯро се маротиба корд задааст.

Тавре ВУД тавзеҳ медиҳад, писари зан 2 октябр ба шӯъбаи вазорат муроҷиат кардааст, ки шаби 1 октябр, тахмимана соати 02:30 шахси номаълуме ба хонаи истиқоматиашон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид шуда, ба гардани модараш 3 корд задааст.

Феълан далели даст ба куштор задани марди ванҷӣ маълум нест. Тафтишот идома дорад.

808
Барчаспҳо:
куштор, ВУД, Тоҷикистон