Бобои маст писарашро паронда кушт, наберачаашро захмӣ карду худаш заҳр хӯрд (ВИДЕО)

© SputnikЗдание МВД РТ, архивное фото
Здание МВД РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фоҷиаи маргбори дигари хонаводагӣ хабар додааст, ки дар пайи майхорагӣ рух додааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳмон Миронов, сокини 59-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ писарашро паронда куштааст ва  наберааш Ясминаи хурдсолро захмӣ намудааст.

Тибқи гузориши ВУД, Раҳмон Миронов, сокини деҳаи Сайёди ноҳияи Ҳамадонӣ 20 сентябр дар ҳолати мастӣ бо мақсади куштани писараш – Ҷумъахон Миронов ба манзили истиқоматиаш дар деҳаи Сомониён омада, ӯро аз яроқи шикорӣ парондааст.

“Дар натиҷа Ҷумъахон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Раҳмон Миронов кирдори ҷиноятияшро идома дода, набераи хурдсолаш Ясмина Акрамоваро низ маҷруҳ кардааст”, - омадааст дар гузориши ВУД.

Манбаъ далели далели даст ба фарзандкушӣ задани Раҳмон Мироновро хусумати шахсӣ гуфта, ҷузъиёти дигареро ироа накардааст.

Ба иттилои мақомот, Миронов дар пайи ҷиноят аз ҷои ҳодиса фирор намуда, бо истеъмоли маҳлули заҳрдор қасди худкушӣ кардааст.

“Феълан муттаҳам дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ бистарӣ буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”, - таъкид намудааст ВУД.

Лентаи хабарҳо
0