Боздошти милиса барои парондани ҳамкораш дар фурудгоҳи Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди милиса, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳамкорашро парондаст, боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Боздоштшуда дар он муттаҳам мешавад, ки дар ҳолати мастӣ аз силоҳи хидматӣ ҳамкорашро парондаст, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса шоми 6-уми октябр рух дода, муттаҳам айни ҳол дар ҳабс мебошад.

Манбаъ аз қавли мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, ки ҷароҳати ҷабрдида марговар набуда, ӯ феълан дар беморхона бистарӣ мебошад ва  вазъаш муътадил аст.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0