Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Боздошти марди 30-сола барои ба худкушӣ расонидани ҳамсар дар Деваштиҷ

493
Мард нисбати ҳамсари 29-солааш "ҳаракатҳои бераҳмона намуда, шаъну шарафашро паст мезадааст". Саранҷом зан даст ба ҷони худ задааст. Мард боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Деваштиҷ марде ба иттиҳоми ба худкушӣ расидани ҳамсар дастгир шуд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштиҷро кормандони милиса аъди ҳодисаи рухдод дар натиҷаи корҳои бозҷӯӣ дастгир кардаанд.

"Гумонбара, мунтазам нисбати оилааш марҳум, зани 29-сола, ҳаракатҳои бераҳмона намуда, шаъну шарафашро паст мезадааст, ки ин сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ гаштааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нисбати мард бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ  оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

493