Бинои ВУД Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

ВКД: “ниқобпӯш” не, Зулфиямо худаш худро корд задааст

612
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди ҳамлаи “ниқобпӯш” ба Зулфиямо Мингёрова, модаре дар ноҳияи Фархорро таҳқиқ карда, хулосаашро пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, иддаои Мингёрова, ки гӯиё шаби 28 сентябр мавриди ҳамлаи марди ниқобпӯш қарор гирифтааст, беасос буда, ӯ бо ду зарби корд худашро маҷруҳ кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Мингёрова аз сабаби сатҳи пасти зиндагӣ ба шикамаш ва дасти рост бо корд ду зарба зада, ба ҳамин восита мехостааст шавҳараш Нусратулло Шариповро тарсонад. Ин модар, ки дар шароити сахт зиндагӣ дорад, изҳор доштааст, ки шавҳараш аз ӯ ва фарзандонаш дурӣ меҷӯяду ба ҳамин восита хостааст, таваҷҷуҳи ҳамсарашро ҷалб кунад.

Қаблан Мингёрова ба сокинон ва расонаҳо гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи марди ниқобпӯше қарор гирифт. Ӯ изҳор дошта буд, ки марди ниқобпӯш бо зарби корд ӯро маҷруҳ кардааст ва ҳангоме фарёд задааст, ҳамлагар фирор намудааст.

612