Ҷадвали заминларза, акс аз бойгонӣ

Заминҷунбӣ дар Мурғоб Душанберо низ ларзонд

345
Шоми 19 октябр заминларзаи 5,1 баллӣ Тоҷикистонро такон дод

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилои марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи  Мурғоби Тоҷикистон, қисмати марзӣ бо Шинҷони Чин будааст.

Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон умқи заминҷунбиро 115 километр арзёбӣ карда, изҳор медоранд, ки он дар масофаи 27 километрӣ аз маркази Мурғоб рух додааст.

Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, заминларзаи мазкур тақрибан соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ дар пойтахт низ ба таври сабук эҳсос шудаааст. То ҳол дар бораи пайомаду хисороте аз заминҷунбии мазкур иттилое ироа нагардидааст.

345