Разбитая бутылка

Мастӣ ба пастӣ: 10 соли зиндон барои куштори ҳамқадаҳ

150
Миров Абдуфатоҳ ва Давлатов Абдуҷалол дар назди обанбор шаробнӯшӣ карда, баъдан байнашон муноқиша cap мезанад. Абдуфатоҳ Абдуҷалолро мавриди лату кӯб қарор дода, ба ин қонеъ нагашта, бо зарфи шишагин 2- 3 маротиба ба сараш зада, ба дохили обанбор партофта, минбаъд ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба қатл мерасонад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Абдуфатоҳ Миров як сокини шаҳри Ҳисор ба ҷурми қатли як сокини дигари шаҳр ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.  Дар ин бора дафтари матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Абдуфатоҳ дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳашро куштааст.

Гуфта мешавад19 июни соли 2018 тахминан соати 21-00 Миров Абдуфатоҳ Ҷурахонович дар ошхонаи “Навобод”-и шаҳри Ҳисор бо ҳамдеҳааш Давлатов Абдуҷалол Алиевич вохӯрда, оиди якҷоя истироҳат кардан, яъне истеъмол кардани машруботи спирта маслиҳат мекунанд.

  Сипас Давлатов А.А. як адад нӯшокии спиртии навъи “Шаҳринав” ва Миров А.Ҷ. каме маводҳои хӯрока гирифта, якҷоя ба обанбори байни деҳаҳои Ситора ва Ғуриёти ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор рафта, дар он ҷо то соати 22-30 дақиқа ба истеъмоли машруботи спирта машғул мешаванд.

Баъдан байнашон бо сабаби якдигарнофаҳмӣ муноқиша capмезанад, ки дар натиҷа Миров А.Ҷ. ба ғазаб омада Давлатов А.А.-ро мавриди лату кӯб қарор дода, ба ин қонеъ нагашта бо зарфи шишагин 2- 3 маротиба ба сараш зада, ба дохили обанбор партофта, минбаъд ӯро бо роҳи буғӣкардан ба қатл мерасонад.

Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби прокурори шаҳри Ҳисор нисбати Миров А.Ҷ. бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо ҳукми суд номбурда бо ин модда гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣба муҳлати 10 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дороинизомаш сахт таъин карда шуд.

150