Оташнишонҳо ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор, акс аз бойгонӣ

Зиракӣ: ҷавонзан дар дуздии маблағ ва оташ задани хонаи ҳамдеҳа айбдор мешавад

100
Мақомоти умури дохилии шаҳри Кӯлоб аз боздошти ҷавонзане дар деҳаи Зиракии ин шаҳр хабар додаанд, ки дар дуздии маблағ ва оташ задани хонаи як ҳамдеҳааш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба идораи милиса дар Кӯлоб, зани 25-сола, сокини деҳаи Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 13-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 18:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқ 11 ҳазору 400-сомониро тасарруф намудаанд. Ӯ афзудааст, ки дастандаркорон барои пинҳон намудани изи ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 24-сола, сокини деҳаи Зиракӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

100
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, ҷавонзан, Кӯлоб, дуздӣ, Тоҷикистон