Морские волны, архивное фото

Ҷасади Ҳуснигулро то ҳол аз дарёи Зарафшон наёфтаанд

249
Ҳуснигул Акрамоваи 19-сола, сокини шаҳри Панҷакент 19 октябр худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Ҳарчанд аз рӯзи ҳодиса ҳашт рӯз гузашта бошад ҳам, кофтуковҳои ҷасади духтари ғурамарг бенатиҷа монаданд. Ҳуснигул ҳамагӣ даҳ моҳ пеш шавҳар карда буд. Феълан шавҳараш дар Русия қарор дошта, худаш бо волидонаш меистодааст. Падари духтар мегӯяд, далели даст ба ҷони худ задани духтарашро намедонад

ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Ҳуснигул Акрамова як сокини 19-солаи Панҷакент рӯзи 19 октябр худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Волидони ғамзадааш то ҳол наметавонанд ҷасади духтари ғӯрамаргашонро пайдо кунанд.

Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, Ҳуснигул ҳамагӣ дар моҳ пеш оиладор шуда будааст. Пас аз чанд моҳи оиладорӣ шавҳараш ӯро ба назди волидонаш гузошта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. 

То ҳол кофтуковҳои ҷасади ҷавонзан натиҷае надодаанд.

Наздикони духтар мегӯянд "дар сарҳади Узбакистону Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон як тӯре ҳаст, ки талош мекунем он ҷоро ҳам бинем".

Далели даст ба ҷони худ задани духтари ҷавон маълум нест.

249