Наздикони мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи Lion Air JT610

Паёми дуюми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Видодо дар 1 моҳи охир

724
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷоко Видодо, президенти Индонезия, паёми таслият ирсол намудааст, ки дуюм дар як моҳи охир мебошад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 29 октябр дар паёмаш ба Видодо барои суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, изҳори андуҳ намудааст.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед”, - омадааст дар барқияи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Тибқи иттилои расонаҳои Индонезия, бар асари суқути ҳавопаймои Boeing 737-800, ки шаби гузашта рух дод, 189 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин фоҷиа дар ҳолест, ки охири моҳи сентябри соли равон  бар асари заминларза ва сунамӣ дар шаҳри Палуи Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он садҳо ҳазор хона хароб гардида, теъдоди зиёди одамон ба ҳалокат расиданд.

724