Задержание. Архивное фото

"Дедовшина" як сарбозро дар Хоруғ ба 13 соли зиндон паси панҷара бурд

842
Додгоҳи шаҳри Хоруғ Бахтовар Абдуллоевро барои латукӯб ва куштори як ҳамхизматаш ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, Бахтовар ҷавонро барои "нафармонӣ" муҷозот карда, сахт латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Додгоҳи горнизони шаҳри Хоруғ сарбози Қӯшунҳои марзбонӣ, сокини шаҳри Душанбе Бахтовар Абдуллоевро дар латукӯб ва куштори ҳамхизматаш, сокини ноҳияи Панҷ Абдуқаюм Ёдгорзода гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Фараж" иттилоъ медиҳад.

Ҳарду дар дидбонгоҳи 11-уми қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар минтақаи Язғуломи ноҳияи Ванҷ адои хизмат мекардаанд.

Абдуллоев шаш моҳ пештар аз Ёдгорзода ба хизмат сафарбар шуда будааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Бахтовар дар додгоҳ гуфтааст, ки ӯ барои дашном ҳамхизматашро латукӯб кард.

Манбаъ дар истинод ба ҷониба ҷабрдида менависад, ки гӯё Абдуқаюмро барои нофармонӣ - наовардани сӯзан ба Бахтовар ва дашном латукӯб карда бошад.

Ҷавон ҳамхизматашро чунон сахт латукӯб мекунад, ки дар натиҷа вай ба ҳалокат мерасад.

Додгоҳ сарбозро бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ -373 қ. 2, банди “д” "Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо" ва 110 қ. 3, "Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" гунаҳкор дониста, барои иқрор ва изҳори пушаймонӣ аз мӯҳлати  пешбарикардаи додситон 2 сол камтар, 13 сол додааст.

842