Дарё, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати ҳезумчини ҷавон дар ноҳияи Рашт ва ҳушдори КҲФ

157
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳалокати як ҳезумчини 19-сола дар ноҳияи Рашт хабар додааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита,  6 ноябри соли равон сокини 19-солаи ноҳияи Рашт дар натиҷаи риоя накардани  қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум лағжида, ба дарёи Сурхоб афтидааст.

Манбаъ афзуд, ки ҷасади ҳезумчини ҷавон 7 ноябри соли равон ду километр дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо карда шуд.

КҲФ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки  ҳангоми номусоидии боду ҳаво аз сафар ба минтақаҳои куҳӣ худдорӣ намоянду кӯдаконро ба чарондани чорвою ҷамъоварии ҳезум ҷалб насозанд.

157