Оғози парвандаи ҷиноӣ барои ҳалокати духтарчаи 2-солаи тоҷик дар осоишгоҳ

© Flickr \ Hamed SaberПод водой в бассейне. Архивное фото
Под водой в бассейне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷисми беҷони духтарчаи 2-солаи тоҷикро аз ҳавзи осоишгоҳи “Северка” дар ноҳияи Раменкии вилояти Маскав пайдо кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Духтарча, ки ҳамроҳи волидонаш - шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди осоишгоҳ зиндагӣ мекардааст, 11 ноябр ғарқ шудааст, хабар дод шабакаи телевизионии "360".

Тибқи иттилои тафтишот, модар иҷозат додааст, ки духтарча ҳамроҳи як зани шинос сайругашт кунад. Дертар ин зан изҳор доштааст, ки баъди сайругашт духтарчаро то назди хона оварду рафт.

Феълан мақомоти Русия барои хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, бо марги инсон анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ҷасади духтарча барои муайян намудани сабаби дақиқи марг ташхис мешавад.

Лентаи хабарҳо
0