Юрий Чабуев дар додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Додгоҳ ҳукми ташкилкунандаи занозании маргбор дар “Хованск”-ро эълон кард

295
Додгоҳи шаҳри Маскав Юрий Чабуев, яке аз саркардаҳои муноқишаи маргбор дар гӯристони “Хованск”- ро, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон шуд, ба 11 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳи Маскав, Юрий Чабуев ба 11 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум гардид, хабар додааст мухбири РИА Новости аз толори мурофиа.

Александр Бочарников, ташкилкунандаи дигари ин бетартибиҳо барои 9 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуд.

Қаблан додситонӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Юрий Чабуев, собиқ роҳбари шуъбаи 3-юми хадамоти марбут ба дафн - “Ритуал”, барои ташкили занозании маргбор 13 сол зиндонӣ шавад.

Дар маҷмуъ додситонӣ барои 17 муттаҳам вобаста ба нақшашон дар муноқишаи маргбор аз 4 то 13 соли зиндон талаб карда буд.

Кашмакашии моҳи майи соли 2016, ки барои рондани муҳоҷирони тоҷик аз гӯристон ташкил шуд, бо марги 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳати 30 нафар анҷомид.

Тафтишот муайян кардааст, ки Юрий Чабуев ва Александр Бочарников, яке аз муассисони ташкилоти ҷамъиятии “Здоровая нация” муноқишаро барои танг кардани мавқеи муҳоҷирони тоҷик ва рондани онҳо аз “Хованск” ташкил намудаанд.

Аммо зимни тафтишот танҳо яке аз иштирокдорон Сергей Улихин ба гуноҳаш иқрор шудааст. Муфаттишон гуфтанд, бо вуҷуди иқрор нашудани муттаҳамони дигар, далели кофии гунаҳкории онҳо ҷамъоварӣ шудааст.

295