Мор, акс аз бойгонӣ

Як грамм заҳри мор чанд доллар? Норов гуфт, аз қарздорӣ ночор ба заҳрфурӯшӣ даст зад

454
Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Суғд ҷузъиёти боздошти сокини Душанберо барои қасди фурӯши заҳри мор дар Хуҷанд шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои РВУД, Икром Норов, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе барои қасди фурӯши заҳри мор боздошт шуд.

Манбаъ афзуд, ки аз боздоштшуда 400 грамм “ампула”-ҳои заҳри мор мусодира гардид. Ӯ ҳар "ампула" -ро, ки ду грамм заҳри мор доштааст, 500 доллар нархгузорӣ карда, қасд доштааст, 400 “ампула”-и ҳомили 800 грамм заҳри морро ба ивази 200 ҳазор доллар фурӯшад.

Норов дар пайи боздошт изҳор доштааст, ки ғайриқонунӣ будани ин корро медонист, аммо қарздорӣ ӯро маҷбур кардааст, ки ба фурӯши заҳри мор даст занад.

РВУД таъкид кард, ки алайҳи боздоштшуда аз рӯи моддаи 206-и Кодекси ҷиноӣ - муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаҳои сахттаъсир ва заҳролуд парванда оғоз шудааст, ки аз 7 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.  

454
Барчаспҳо:
боздошт, заҳр, мор, Тоҷикистон