Садамаи маргбор дар Кӯлоб: ронандаи "Ҷип" аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садама дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб рух додааст. Ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, як марди 57-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида мутаассифона ба ҳалокат мерасад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб як сокини шаҳр ҳалок шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 26-уми ноябр дар дар маҳаллаи Борбад рух додааст.

Ронандаи “Ҷип-Гран-Широкӣ” , Ҳотам Раҳимови 38-сола ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, сокини 57-солаи шаҳрро зер кардааст

"Раҳимов Ҳотам Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи Борбади шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Абдуллоев Аҳмад Файзуллоевич, соли таваллудаш 1961, сокини кӯчаи С.Сангови ҳамин шаҳрро пахш намудааст", - менависад ВУД.

Мутассифона, Аҳмад Абдуллоев дар пайи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона вафот кардааст.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0