Нож у горла женщины, фото из архива

Кордкашии падару писар дар Душанбе: ду писари 17 соларо корд заданд

895
Дар натиҷа ҷавонон маҷрӯҳ шуда дар беморхона қарор доранд. Кормандони милисаи пойтахт падарро дастгир карда, писарашро ҷусту мекунад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки падару писаре дар Душанбе ба авбошӣ муттаҳам мешаванд. Бино бар иттилои манбаъ, онҳо шоми 5 декабр дар яке аз кӯчаи пойтахт ду ҷавонро бо корд маҷрӯҳ кардаанд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Номбурда 5-уми декабри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар кӯчаи Ганчарови шаҳри Душанбе, ҳамроҳи писараш, ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ду нафар  писарони 17-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташон буда, ноболиғони зикргардидаро захмӣ намудаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, ҷабрдидагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Барои дастгир намудани нафари дигари гумонбари ин ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафтиши ҳодисаи мазкур давом дорад.

895
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд

52
(Таҷдидшуда 18:20 25.05.2020)
Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

52
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Оҷил: 2 ҳолати мусбат ва 70 ҳолати машкук дар миёни мусофирони аз Туркия омада

1475
(Таҷдидшуда 18:02 25.05.2020)
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба “вируси корона” хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Бино ба ин манобеъ, санҷиши 2 нафар мусбат баромада, ҳудуди 70 нафаре, ки бо онҳо тамос доштанд ва эҳтимоли сироят шуданашон мавҷуд аст, таҳти муроқибат гирифта шудаанд.

“Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи шанбеи гузашта, 23 май, 194 шаҳрванди ин кишвар, ки дар Туркия тайи ду моҳи ахир дар монда буданд, бо як парвози ширкати “Turkish Airlines” ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин мусофирон аз 18 март ба ин сӯ дар Истанбул банд монда буданд. Онҳо дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, қарантина шуда буданд.

“Қарор буд имрӯз ҳамаро рухсат кунанд, аммо ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” зарурати дигарбора санҷидани мусофиронро ба вуҷуд овард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба ин манбаъ, дар миёни мусофирини аз Туркия омада, афроди калонсол ва онҳое, ки ҷиҳати тадовӣ ба Туркия рафта буданд, низ ҳузур доранд.

1475
Барчаспҳо:
мусофирон, вирус, тест, шаҳрвандон, Туркия, Тоҷикистон
День 26 мая

Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Рӯзи бисту шашуми май аз Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ - эсперанто баргузор мегардад. Ҳамзамон дар Русия аз Рӯзи парашютчиён ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 26 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми ИМА эътироф гардид.

Соли 1847  Ҷумҳурии Либерия истиқлолияташро ба даст овард.

День 25 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Соли 1858  Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.

Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Рӯзи 26 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

Соли 2013 Бунгоҳи интишороти "Майванд" китоби Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ" бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

Соли 2014 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд

Ҷашнҳои рӯзи 26 май

  • Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ – эсперанто.
  • Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Россия — Рӯзи парашютчиён.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон