Додгоҳ: қасди дуздии пули Раҳматовҳо дар Суғд бо қатли духтари ноболиғу хонасӯзӣ анҷомид

© PixabayМолоток
Молоток  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Суғд Исҳоқов Бурҳон ва Холматов Наимро барои қатли духтари ноболиғ, дуздӣ ва оташ задани хона барои 24-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гунаҳкорони фоҷеа дар хонаводаи Раҳматовҳо баъди 11 сол муҷозот шуданд.

Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои мансабдори воломақоми “Амонатбонк”: қариб 1 миллион доду боз 14 сол дар ҳабс мемонад

Манбаъ гуфт, Бурҳон Исҳоқов ва ҳамсинфаш Наим Холматов нақшаи дуздии беш аз 500 ҳазор рубли Раҳматов Асқарро кашида, 21 декабри соли 2007 вориди хонаи Раҳматовҳо шудаанд.

Муттаҳамон бохабар мешаванд, ки рӯзи 21 декабри соли 2007-ум аҳли оилаи Раҳматовҳо барои гузаронидани маъракаи шашмоҳаи фавти бобояшон ба деҳаи Зарбеди ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом мераванд ва дар хонаи онҳо ягон нафар намемонад.

Додситонӣ афзуд, афроди номбурда бо мақсади дуздӣ ва қасди нобуд кардани амвол бо худ зарфи ҳомили сӯзишворӣ гирифта, бо шикастани кулфи дар вориди ҳавлӣ шудаанду кофтукоби маблағи пулиро дар ҳуҷраҳо оғоз карданд.

“Дар ин вақт духтари соҳибмулк Раҳматов Асқар - ноболиғ Раҳматова, ки худ танҳо дар ҳавлӣ қарор дошт, дарро кушода вориди хона мешавад”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
ВМКБ: 8 соли зиндони Ошурбеков барои саривақт надодани қарзи Ҳукумат

Бар асоси парванда Исҳоқов ва Холматов ба хона ворид шудани ноболиғ Раҳматоваро дида, бо назардошти он, ки онҳоро нағз мешинохт ва метавонист ба мақомот хабар диҳад,  нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро кашиданд.

“Дар ин лаҳза, Исҳоқов аз қафои дар пинҳон шуда, аз пушт ба воситаи чӯб гулуи Раҳматоваро то лаҳзаи беқувват шудани охирин фишор медиҳад. Холматов ба воситаи чӯб ба сари ноболиғ Раҳматова як зарба зада, ҷасади беҷони ӯро ба ҳуҷраи назди даҳлез гузошта, бо бензин хонаро оташ задаанду аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”, - иттилоъ дод додситонӣ.

Додгоҳ Исҳоқов ва Холматовро  дар дуздӣ, одамкушӣ ва нест кардани амвол гунаҳкор дониста, барои 24-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.

Лентаи хабарҳо
0