Арақ, акс аз бойгонӣ

Боздошти марди 59-сола барои латукӯб дар ҳолати мастӣ

91
(Таҷдидшуда 17:39 22.12.2018)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 59-сола, сокини шаҳри Панҷакент хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, сокини 59-солаи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент, 8-уми декабри соли 2018, тахминан соати 22:00 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо марди 38-солаи ҳамдеҳааш ҷанҷол кардааст.

Манбаъ афзуд, зимни муноқиша, марди солхӯрда бо чӯб якчанд маротиба ба аъзои баданаш зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ дониста шудааст.

Феълан алайҳи муттаҳам бар асоси модддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

91