Даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, акс аз бойгонӣ

Садамаи марговар дар шаҳри Кӯлоб

446
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки 27-уми декабр соати 01:10 рух додааст

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Ҳасан Носиров, ронандаи 25-солаи худрави “ВАЗ-2108”, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Носиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод манбаъ.

ВУД афзуд, мусофир Толибҷони Нурмуҳаммадзода, сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

446