Ратсия, акс аз бойгонӣ

КҲФ аз зери тарма мондани сокини дигари Панҷакент хабар дод

171
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, 17 январ як сокини ноҳияи Панҷакент зери тарма мондааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, 17 январи соли ҷорӣ тахминан соати 16:00 дар деҳаи Ҳафтрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

“Дар натиҷа як сокини ин русто зери ғарами барф монд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан наҷотдиҳандагони КҲФ саргарми ҷустуҷӯи ӯ  мебошанд.

Қаблан расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки 14 январ ду ҳезумчини 20 ва 30-сола 4,5 километр дуртар аз деҳаи Роғичи ноҳияи Панҷакент зери тарма мондаанд. Расонаҳо афзуда буданд, ки ҷасади яке пайдо шуда, кофтукоби ҳезумчини дуюм идома дорад.

171