Май, акс аз бойгонӣ

Ҳушдор ба мастҳо: Эрматов 2 сол моли шиносҳои масташро медуздидааст

186
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Эрмуҳаммад Эрматов, сокини 42-солаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки дар дуздии амволи шиносҳои масташ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, муайян карда шуд, ки Эрматов солҳои 2017 ва 2018 дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 12 ҳолати дуздии телефонҳои мобилӣ ва ду ҳолати дуздии дучарха даст дорад.

Манбаъ афзуд, ҳамаи ҷабрдидагон маст ва шиносҳои Эрматов будаанд.

“Эрматов  аз ҳолати мастии ҷабрдидагон, ки бо онҳо шиносоӣ дошта, дар ошхонаҳо хӯрок ва нушокии спиртӣ истеъмол мекардаанд, истифода бурда, аз кисаашон телефонҳоро медуздидааст. Дуздии дучархаҳоро бошад, баъди то хона расонидани майнӯшон, аз ҳолати ногувор ва мастии онҳо истифода бурда, содир кардааст”, - омадааст дар иттилоия ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан алайҳи Эрматов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои муайян ва ошкор кардани дигар ҷиноятҳои Эрматов чораҳои оперативӣ идома доранд.

 

186