Завлона, акс аз бойгонӣ

Боздошти марди 33-сола бо иттиҳоми дуздии зарфи 10-тоннагӣ

72
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 33-сола иттилоъ дод, ки дар дуздии “систерна”‑и ғунҷоишаш 10 тонна муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Ҷайҳун, марди 58-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намуда, арз доштааст, ки 16-уми январи соли 2019, шахсони номаълум аз назди роҳи автомобилгарди деҳаи Панҷи поён 1-адад зарфи оҳанинашро дуздидаанд.  

Манбаъ ғунҷоиши “сестерна”-и дуздидашударо 10 тонна ва арзишашро 10 000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД мегӯяд, дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ муттаҳам дар ин ҷиноят, марди 33-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун боздошт гардидааст.

72