Хушунат нисбати зан, акс аз бойгонӣ

"Шавҳари судшуда барои латукӯб зани 23-солаашро кушт”

448
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шавҳари қаблан судшуда барои латукӯб ва расондани зарари сабуки ҷисмонӣ, рӯзи якшанбеи гузашта ҳамсарашро то марг кӯфтааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса дар ноҳияи Дӯстӣ, марди 33-сола, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳияро бо иттиҳоми куштор дастгир кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 17 феврали соли равон, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиаш, зимни муноқиша бо ҳамсари 23-солааш бо дастаи чӯбини бел якчанд бор ба аъзои бадани зан задааст.

“Дар натиҷа, зани номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст иттилоияи ВУД.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки муттаҳам қаблан бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноӣ, барои дуздӣ, расондани зарари сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ ва латукӯб суд шудааст ва феълан таҳқиқи парвандаи ҷадиди ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

448